Дар ҳамин замина Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳайати Маҳмуд Шолуй — раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Абулҳусейн Хусравпаноҳ- дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва Алиризо Ҳабибӣ- дастёри вижаи раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳамроҳии намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент боздид намуданд.
Меҳмонон баъди пазироии расмӣ аз бостоншаҳри Саразм, мадрасаи Олим Додхоҳ, мақбараи Муҳаммад Башоро дар деҳаи Мазор боздид намуда, оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар деҳаи Панҷруд зиёрат намуданд.
Дар зодгоҳи падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ меҳмононро, ки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳамроҳӣ мекард, аҳли адабу фарҳанги шаҳр бо нону асал, қироати шеърҳои ноб ва сурудҳо бар ашъори устод Рӯдакӣ пазироӣ намуданд.
Баъди зиёрати оромгоҳ, дар пояи нимпайкараи устод Рӯдакӣ бо иштироки аҳли адаб, санъаткорон ва муҳассилин базми шеъру суруд баргузор шуд.
Меҳмонон аз пазироии самимӣ, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат байни ду кишвари дорои муштаракоти забонӣ ва фарҳангӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.