РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зубайдулло Зубайдзода бо муовини мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Кувайт Имод аз-Зайд мулоқот кард

20 сентябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Кувайт Имод аз-Зайд доир шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар, инчунин баргузории форумҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва иштироки ҷониби кувайтӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе инвест – 2023” баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram