Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори доимоамалкунанда таҳти унвони “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Дар ифтитоҳи толори мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмононро дар ин махзани ҳифзи осори ниёгон хайрамақдам гуфт. Зимнан мавсуф зикр намуданд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон натанҳо дар муаррифии осори таърихиву фарҳангии ниёгони тоҷикон, балки дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми назаррас дорад.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зимни суханронии худ қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбаронест, ки натанҳо ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ, балки ба иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Инаст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ роҳбарони кишварҳои пешрафта ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд.
Шурӯъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об аз ҷониби Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории аксарияти давлатҳои ҷаҳон 5 қарордоди муҳим қабул гардидааст, ки номгӯи онҳо чунин мебошанд:
1. Соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза;
2. Солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»;
3. Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;
4. Солҳои 2018-2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»;
5. Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои марбут об дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол намуда, ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пирях аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардиданд. Воқеан ҳам инҳо аз нуфузу эътибори ҷаҳонидоштаи кишвари маҳбуби мо шаҳодат медиҳанд.