РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон дар нахустин Форуми тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ иштирок намуд

28 сентябри соли 2023 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар нахустин Форуми тиҷорати электронии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нуриддинзода А.Н. зимни суханронии худ баён кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои ҳаматарафа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла савдо, саноат, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

Маҳз ин аҳамияти хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2021-ум 23 фоиз афзуда, ҳиссаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,2 фоизро ташкил дод.

Дар анҷом Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ инкишоф меёбанд ва ба ҳамаи иштирокчиёни Форум дар густариши уфуқҳои ҳамкориҳо комёбӣ таманно кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram