РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони “Академик Муҳаммад Осимӣ ва тарбияи ҷавонони болаёқат” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд

“Академик Муҳаммад Осимӣ ва тарбияи ҷавонони болаёқат” — таҳти чунин унвон 6-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ семинар-ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ин чорабинӣ ба 103-солагии аввалин ректори донишгоҳ, узви вобастаи Академияи фанҳои СССР, академики Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, Президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, Раиси комиссияи тамаддуни Осиёи Марказии ЮНЕСКО, асосгузор ва Раиси иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон, Барандаи ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру бахшида шудааст.

Дар мавзуъзҳои «Ғояҳои тарбиявию маорифпарварӣ дар фаъолият ва фалсафаи М.С. Осимӣ» — Раҳимов М.Ҳ., профессор, «Мо аввалин шогирдони М.С. Осимӣ» — Содиқов Х.Р., профессор, «Мақоми тарбияи ҷавонони болаёқат дар фаъолияти М.С. Осимӣ» — Абдурасулов А.А., и.в профессор дар назди аҳли раёсати донишгоҳу устодон, олимони ҷавону донишҷӯён баромад намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram