11-уми октябр дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки сокинону фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар мавзуи «Ҳунар — сармояи безаволи миллат» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон — Рудобаи Мукаррам, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон — Ҷамшед Ғанизода, Раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон — Муфарраҳ Муҳаббатов, муовини раиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Матлуба Искандарзода ва раиси шаҳри Норак — Дилшод Асозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро раиси шаҳри Норак — Дилшод Асозода ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард ва мавзуи ҳамоишро ба иштирокдорон шарҳ дод. Қайд гардид, ки мавриди баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ қарор гирифтани мавзуи ҳунару ҳунармандӣ муҳим буда, ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ин самт саривақтист.
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон — Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада, мафҳумҳои ҳунар, ҳунарманд, касб, пеша, шуғл, меҳнат ва кору пайкорро аз нигоҳи бунёдӣ ва фалсафӣ шарҳу тавзеҳ дод. Гуфта шуд, ки ҳунар гаронбаҳотарин сармоя буда, дар ҳама ҳолату вазъият инсонро муваффақу саодатманд нигоҳ медорад. Ҳунар шахсро бузургию азамат ва шаҳомат бахшида, зиндагӣ ва ҳаёти ӯро маъно медиҳад. Аз ин рӯ, омӯхтани ҳунар ва истифодаи он дар ҳаёт яке аз рисолатҳои аслии ҳар як шахс маҳсуб ёфта, моро вазифадор мекунад, ки дар омӯзиши ҳунар ва ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштани он талоши созгор варзем.
Дар идомаи ҳамоиш Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷамшед Ғанизода баромад намуда, аз рушди ҳунару ҳунармандӣ, махсусан санъати тасвирӣ дар кишвар ёдоварӣ кард. Қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сулҳу субот ва ва ваҳдати миллӣ заминаи мусоиди рушду нумуи тамоми навъҳои ҳунару ҳунармандӣ фароҳам омад. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисонро тайёр мекунад. Донишкада дорои 3 факултет, 8 кафедра, устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо буда, мутахассисон, ҳунармандон ва устодони моҳир ба донишҷӯёну ҳунаромӯзон дарс мегӯянд. Донишкадаро аз замони таъсис то ба ҳол садҳо мутахассисони баландтаҷриба хатм намуданд, ки имрӯз дар бозори меҳнат фаъолияти босамар доранд.
Идомаи ҳамоиш бо суханронии Раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон — Муфарраҳ Муҳаббатов ҷараён гирифт. Мавсуф зимни баромади хеш зарурати таваҷҷуҳи бештар ба ҳунару ҳунармандӣ, эҳё ва аз нав зинда намудани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин васила рушди беҳтари иқтисоди миллиро ёдрас шуда, зикр кард, ки анвои ҳунарҳое, ки сайёҳон ва гардишгарони хориҷӣ ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд, бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои сайёҳии кишвар, махсусан шаҳри Норак рушди бештар дошта бошад. Ӯ аз фаъолият ва муваффақиятҳои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон низ мисолҳо оварда, нақши ин ниҳоди ҷамъиятиро дар амалишавии лоиҳаҳои гуногун муассир арзёбӣ кард.
Муовини раиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Матлуба Искандарзода зимни баромади хеш дар хусуси сиёсати давлатӣ дар самти ҳунару ҳунармандӣ, дастгирӣ, сабукӣ ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳунармандон дода шудааст, изҳори назар кард. Гуфта шуд, ки ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтан ва соҳибкасб намудани нафароне, ки шуғл ва ҳунар надоранд, то имрӯз чандин лоиҳа ва консепсияву барномаҳо қабул гардида, дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд.
Пас аз шунидани баромадҳо аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон — Рудобаи Мукаррам ба китобхонаи марказии шаҳри Норак ҷилдҳои китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” туҳфа карда шуд. Сухани ҷамъбастии Раиси Кумитаи иҷроия хотимабахши ҳамоиш гардид.