РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе масъалаи содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

12 октябри соли 2023 ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба мониторинги татбиқи супоришҳои қаблӣ, мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, мутобиқ намудани Номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тафсири 7-уми Низоми ҳамоҳангсозии таснифот ва рамзгузории молҳо ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки дар асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дар самтҳои қайдгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.

Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иқдомҳои минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram