16 октябр тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар шаҳри Бӯстон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Мулоқот таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев ҷараён гирифта, дар он масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии фаъолияти гуруҳи топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои муайянсозии қисматҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ба гуруҳи топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои идомаи кори гуруҳ ва омодасозии лоиҳаи хати сарҳадии боқимонда ва ҳалли масоили марбут ба марз супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷонибҳо бори дигар бар зарурати таъмини иҷрои Протоколи рақами 44 аз 2 октябри соли 2023 таъкид карданд.