РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зарфиятҳои тавлиди энергияи сабзи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланди форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ шуд

25 октябри соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар панели сатҳи баланди ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Иттиҳоди Аврупо зери унвони “Гузариши сабз ва тавлиди гидроген” иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба зарфиятҳои мавҷудаи кишвар соҳаи гидроэнергетикаро аз ҷумлаи муҳимтарин заминаи “гузариши сабз” ва манбаи асосии тавлиди гидрогени “сабз” номид.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули “Стратегияи иқтисоди сабз” заминаҳои бунёдии гузариш ба иқтисоди сабзро муҳайё намуда, ният дорад то соли 2050 тавлиди барқ аз ҳисоби манбаҳои таҷдидшавандаро то ду маротиба афзоиш диҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram