Ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват менамоем, ки дар оғози мавсими хазонрезӣ дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла пешгирии сӯзонидани баргҳои хазони дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳо бетараф набошед.
Таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ нишон медиҳад, ки ҳангоми сӯзонидани баргҳои хазони дарахтон ва партовҳо хурӯҷи бемориҳои диққи нафас, дигар нороҳатии шаҳрвандон ба миён меояд, чунки бо дуди баргҳои хазоншуда моддаҳои заҳрнок, аз қабили дуда, оксиди карбон, оксидҳои нитроген ва карбогидрадҳо ба ҳавои атмосфера партофта мешаванд ва ба муҳити зист, саломатии одамон зарари ҷиддӣ расонида мешавад.
Оддитарин роҳҳои бартарафсозии ин мушкилот ҷамъоварии баргу хазон дар ҷойҳои мусоид буда, табдилдиҳии он ба компост мувофиқи мақсад мебошад, ки дар натиҷа сӯзиши баргу хазонро пешгирӣ намуда, инчунин компостро барои гулу дарахтпарварӣ ва сабзкорӣ истифода барем.
Бояд таъкид намоем, ки дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла сӯзонидани хазонҳо, тибқи талаботи моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 68 то 204 сомонӣ), шахсони мансабдор аз си то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2040 то 2720 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 6800 то 13600 сомонӣ) ҷарима муайян гардидааст.
Мавқеи фаъол ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тозагию ободии ҳар як кӯчаю хиёбон, шаҳраку маҳаллаи шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамонро аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳишмандем.