Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Зимни сухани табрикотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамагонро ба муносибати 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, иброз дошт, ки устодону кормандони донишгоҳ ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6 ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда боқадамҳои устувор пеш меравад.
“Бо заҳмату талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян кард. Конститутсия барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард”- иброз дошт, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х..
Дар идомаи чорабинӣ академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам баромад намуда, зикр кард, ки Конститутсияи амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияе аст, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро ифода менамояд.
Дар ҳамоиш судияи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед маърӯза намуда, таъкид дошт, ки қабули Конститутсия барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Ба андешаи маърузачиёни ҳамоиш, бо гузашти солҳо наслҳои нав дарк менамоянд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад. Ва дар шароити замони муосир хеле зарур аст, ки ба қишри ҷавони ҷомеа моҳият ва зарурати сохти конститутсионӣ, инчунин ҳифз намудани он бештар фаҳмонда шавад.