РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба муносибати таҷлили санаи қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, доир ба моҳияти қонуни асосӣ дар давлатдории навини тоҷикон, нақши он дар танзими муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеа, эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсону шаҳрванд, бахусус озодии андешаю баён дар ВАО бо назардошти манофеъи миллӣ дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ сухан кард. 

—        Конститутсия ва Истиқлолият бо ҳам тавъаманд,-изҳор дошт Нуриддин Саид, — зеро қонуни асосӣ, на танҳо асосҳои бунёдии давлатдорӣ ва муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеаи моро таҷассум мекунад, балки симои таърихӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати тамаддунофари моро инъикос менамояд. Ва маҳз истиқлолияти давлатии мо шароити комили татбиқи он маќсаду маромҳои дар Конститутсия муқарраршударо фароҳам овардааст.

Сипас ноиби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С. Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, Дониёр Сангинов, ки ҳамчунин ба чорабинӣ ба сифати мутахассиси соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ даъват шуда буд, маърӯза кард.

Зимни баромад Сангинов Д. оид ба марҳилаҳои гуногуни таърихи қабулу татбиқи конститутсияҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, инчунин конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС, бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо назардошти таклифу дархостҳои мардум, фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қабл аз ҳама, бо дастуру тавсияҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумимиллӣ бори аввал бо риояи меъёрҳои демократӣ қабул гардид ва ба сифати дастури раҳнамунсоз шоҳроҳи миллати моро ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав муайян сохт.

Боиси қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмиллалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шудааст, ки он мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Котиби матбуоти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иброҳим Аҳмад

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram