РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлатдории миллӣ» дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд

«Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлатдории миллӣ»- таҳти чунин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин академия.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик на танҳо ҳамчун сарвари сиёсӣ ва ё Президент, балки пеш аз ҳама, ҳамчун сулҳофар ва эҳёгари арзишҳои давлатдории миллӣ сабт гардидааст. Заҳмату талош ва кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки дар солҳои бисёр душвори ҷанги шаҳрвандӣ ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамдилии шаҳрвандони мамлакат таъмин гардида, дар ниҳоят сулҳу ваҳдати миллӣ тантана намуд».

«Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аркони давлатдории миллиро устувор намуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии давлати навини Тоҷикистонро поя гузоштанд. Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи давлати миллии тоҷикон ва эътирофи байналмилалии он бағоят бузург буда, обрӯву эътибори имрӯзаи вай дар миқёси ҷаҳонӣ далели возеҳи гуфтаҳои боло аст»,-афзуд Абдухалил Ғафурзода.

Иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ Рафиқа Мусоева таъкид дошт, ки «Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии ҷумҳурӣ ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Муҳимтарин рисолате, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд, ин интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олӣ буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи қабули рамзҳои давлатӣ, махсусан қабул ва ислоҳоти Конститутсия ва қонунгузорӣ низоми нави давлатдориро дар фазои ҷумҳурӣ ба вуҷуд овард».

Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ», «Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» ва «Пешвои муаззами миллат – роҳнамои мо ҷавонон» маърузаҳо ироа гардид.

Ҳамчунин дар ҳошияи ҳамоиш бо ташаббуси факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия аксияи табрикотӣ гузаронида шуд, ки дар он ҳамчун рамзи қадршиносиву самимият ва муҳаббат ба Роҳбари давлат асарҳои «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандон тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram