15 ноябри соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймои таҳти унвони “Бо Президентам ифтихор дорам ” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор нафар бо шиору овезаҳои тараннумгари фазои идона, Парчами давлатӣ фаъолона иштирок доштанд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Чорабинӣ аз Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ оғоз ёфт ва дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъбаст гардид. Дар ин тантани идона, муовини якуми раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат доштанд.
Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, муовини якуми раиси вилоят иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раиси ВМКБ табрик намуда, зикр кард, ки бори ҳафтум аст, дар таърихи кишвари мо, дар сарзамини тоҷикон ҷашни деринтизор, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан ва бо шаҳомати том таҷлил мегардад. Раҳпаймоии имрӯза низ ба ифтихори ин санаи муқаддас, ки рамзи соҳибдавлатию соҳиби тоҷ будани миллати моро ифода менамояд, баргузор гардида истодааст.
Имрўз ҷаҳониён дар симои Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро мешиносанд ва агар Тоҷикистон гўянд, симои ин шахсияти бузурги таърихӣ, Пешвои тоҷикони ҷаҳон пеши назар меояд. Таърихи давлат ва миллати тоҷик баъди Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба ин появу мартаба, бо ин фазилату матонат ва ҷавонмардиву шуҷоат раҳбареро ёд надорад.
Эмомалӣ Раҳмон дар асри ХХI, дар қатори намоёнтарин ва тавонотарин шахсиятҳои сиёсати ҷаҳонӣ қарор дошта, чун сиёсатмадору роҳбари хирадманд маҳбубтарин чеҳра миёни тоҷикони ҷаҳон ва яке аз сарварони шинохтаи кишварҳои дунё эътироф гардидааст,- қайд кард муовини якуми раиси вилоят .
Раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ зимни баромади худ таъкид дошт, ки чорабинии идона ба хотири бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва баҳри баланд бардоштаниҳуввияти миллӣ ва хештаншиноси баргузор гардид ва ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик ба ин рӯзи фархунда бо самимияти хос арҷгузошта ҳамеша пайравони асили Пешвои миллат ҳастанд.