РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе масъалаи такмили сомонаи Портали савдои Тоҷикистон баррасӣ гардид

17 ноябр вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо Роҳбари Департаменти савдои USAID дар Осиёи Марказӣ (TCA) Роберт Воетч баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи такмилсозии сомонаи Портали савдои Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки дар доираи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи содагардонии расмиёти савдо аҳамияти муҳим дода мешавад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва USAID-ро вобаста ба содагардонии савдо, аз ҷумла таҷдид ва муқаррароти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии савдо баррасӣ намуда, мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуфташуда иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram