РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазъи муассисаҳои тандурустии ноҳияи Айнӣ ба фасли зимистон

Табиатан фасли зимистони дар деҳаҳои ноҳияи Айнӣ нисбатан сард ва тўлонӣ меояд. Ба ин хотир мушкилот дар соҳаҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Муассисаҳои табобатии ҳудуди ноҳияи Айнӣ баҳри иҷрои маводи гармидиҳӣ нақшаро дар соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонидаанд.

Қурбоналӣ Авезов сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ дар идомаи суҳбати худ, бо шукргузори аз рушду пешрафти мамлакат таъкид намуд, ки дар солҳои охир тақрибан ба чунин мушкилот дучор намегардем ва ҳатто беморхонаҳои минтақавие, ки дар ҷамоату деҳотҳои дурдаст фаъолият мекунанд.
Саривақт омода ва таъмин намудани маводҳои гармидиҳӣ, ё ин, ки таъмири ҷории биноҳои табобатии ҳудуди ноҳияи Айнӣ ва умуман ҷумҳурӣ баҳри бе мушкилӣ сипари намудани сардиҳои фасли зимистон ва ба хотири ба мушкили дучор нагардидани табибону маризони бистаригардида аст. Ҳамзамон иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023 таҳти рақами 125 дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 мебошад.

Уктамшоҳзода Зеваршоҳ,
Радиои “Фарҳанг”

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram