РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Томск мулоқот кард

28 ноябри соли 2023 дар доираи сафари корӣ консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Имомзода Наҷмиддин бо Губернатори вилояти Томск Владимир Мазур мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Томск дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои марбут ба вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақа зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо таъкид намуданд. Дар ин замина консули генералӣ омодагиро барои мусоидати ҳамаҷониба дар рушд ва тавсеаи равобити байниминтақавӣ изҳор дошт.

Мулоқот дар фазои гарму дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram