Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва пирӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони ««Тоҷикон» – шиносномаи миллат» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Ҳамоиш бо порча аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи мамлакат оғоз шуд.
Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин пирӯзии донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ба даст овардани Шоҳҷоиза муборакбод намуд.
Таъкид дошт, ки аз 6 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи мамлакат ба тасвиб расида буд. Ҳадафи асосии ин ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши амиқу дақиқи таърихи ниёкон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии қишрҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва адабиёти дохиливу хориҷӣ таълиф гардидааст, таърихи бою пурғановати моро дар чор марҳила: қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав инъикос менамояд ва аҳаммияти муҳим дорад. Ин шоҳасар тамоми бурду бохти миллати тоҷикро дар раванди таърих ба таври мушаххас ва бо истифода аз манбаъҳои муътамад нишон медиҳад.
Бобоҷон Ғафуров аз чеҳраҳои дурахшони таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор рафта, корномаи рангини ӯ бахше аз ифтихороти ҳаммиллатони мо ба шумор меравад. Фаъолияти чашмгири ӯ дар чанд ҷабҳа ҳама ғурурофарину таҳсинбарангез аст. Агар ба рӯзгори ин фарзанди барӯманди миллат назар афканем, дар тамоми мароҳили он сабақу ибратҳои фаровонеро мебинем, ки барои тарбияи наслҳои ҷомеаи мо муфиду судманд хоҳад буд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйи мизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Бояд таъкид намуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди ин асар, ба таъбири устод Айнӣ, яке аз «…шартҳои муҳимми таърихнависӣ — муҳокимаронии бетарафона»-ро риоя намудааст»,- иброз дошт ректори донишгоҳ.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва Шоҳҷоизаи озмун мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Аз ҷумла, ба ғолиби «Шоҳҷоиза»-и озмуни байни донишҷӯён донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих Шоира Давлатзода 10 ҳазор сомонӣ, Ифтихорномаи донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Инчунин ба ғолибони ҷойи дуюм 5 ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаи донишгоҳ тақдим шуд. Ҳамзамон ба иштирокчии фаъоли озмун 1500 сомонӣ тақдим шуд.