РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуд

1 декабри соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон  бо сардори Хадамоти давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Озарбойҷон Вюсал Гусейнов баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла омӯзиш ва табодули таҷриба, мубодилаи маълумотҳои оморӣ ва иштирок дар машқҳои соҳавӣ таъкид карданд.

Пас аз мулоқот роҳбари намояндагӣ бо фаъолияти Маркази таълимии минтақавӣ оид ба муҳоҷирати назди Хадамоти давлатии муҳоҷирати Озарбойҷон шинос шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram