Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ин донишкада хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки соҳаи китобдорӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳим касб намудааст. Сарвари давлат ба ин соҳа ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, бахусус илму маориф ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, вобаста ба ин тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат, боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсил ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Маркази асосии тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдории ҷумҳурӣ факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба ҳисоб рафта, аз ин лиҳоз иқдоми кушодани филиалҳои кафедра дар китобхонаҳои бузурги мамлакат муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Бинобар ҳамин ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош намоянд ва дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсил, таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ, омода намудани кадрҳои ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ саҳми муносиб гузоранд. Ба истифода додани филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар назди Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии донишҷӯён дар амал татбиқ гарданд.
Тавассути чунин раванди фаъолият донишҷўёни донишкада метавонанд таҷрибаи истеҳсолӣ ва иҷрои рисолаи дипломиашонро такмил диҳанд.