РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рашт. Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» қадрдонӣ шуданд

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маросими қадрдонии ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» ва омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми бориз доранд, доир гардид.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.

Дар ҳамоиш роҳбарияти ноҳияи Рашт хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳия Гулноз Азизоваро,  ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» дар соли 2023 ҷойи 2-юмро ишғол намуд, бо маблағи 1500 сомонӣ қадрдонӣ намуданд. Ҳамчунин иштирокдорони фаъоли озмун, муаллимон ва волидони онҳо бо маблағҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар ҷамъомад изҳор гардид, ки иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмунҳо дар саросари мамлакат ҳаводорони зиёд пайдо намуд. Он ҳамчунин  дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши асосӣ мегузорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони гуногункасб тамоми неруи зеҳниашонро ба дастгирии ташаббусҳои неки Пешвои миллат равона сохта, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.

Озмунҳое, ки таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуданд, бори дигар исбот менамоянд, ки мардуми тоҷик таърихан миллати фарҳангдӯст, соҳибкитоб ва тамаддунофар мебошад. Пайравӣ намудан ба гузаштаи пурифтихор ва рӯ овардан ба китобхонӣ дар замони муосир барои ҳамагон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Маҳз тавассути мутолиаи китоб инсон барои худ ҷаҳонро кашф намуда, муҳити маънавиашро ғанӣ мегардонад. Хондани китоб дар ҷавонӣ -ин нақш дар санг аст. Аз ин рӯ, аз ҳоло  бояд барои китобхонии фарзандонамон шароит муҳайё созем, то дар оянда мавқеи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram