Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи муғ» растаҳои ҳунармандони шаҳри Истаравшан фаъол гардонида мешаванд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Бо ин мақсад Раиси шаҳри Истаравшан дар маҷмаа бо лоиҳаи растаи ҳунармандон шинос шуд. Раис шаҳр ҳамчунин бо ҳунармандони шаҳри Истаравшан мулоқот намуда, доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолгардонии растаҳо, инчунин имтиёзҳои мавҷудаи андозбандӣ нисбат ба ҳунармандон маълумот дод.
Ҳунармандон низ барои таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушд ва эҳёи ҳунармандӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Онҳо омодагӣ ва ҳавасмандиашонро барои фаъолсозии растаи ҳунармандон дар ин қалъаи таърихӣ баён доштанд.
Мавриди тазаккур аст, ки Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» таърихи қадимӣ дошта, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон бо нишони қадршиносию аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимии мардуми тоҷик навсозӣ шуд. Ҳоло дар он барои таъсиси зиёда аз 70 растаи ҳунармандӣ шароит фароҳам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли 2018 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан дар маросими ба истифода додани «Қалъаи Муғ» иштирок намуда, таъкид доштанд, ки «яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадимӣ будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор мераванд. Таҷдиду барқарорсозии ин ёдгории фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб шаванд».