РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе тақвияти раванди сохтмони НБО-и «Себзор» бо иштироки шарикони рушд баррасӣ шуд

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ вохӯрии шарикони рушд, ки дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» иштирок доранд, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ сохтмони НБО-и «Себзор», ки бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа бунёд мешавад, инчунин мушкилоти мавҷуда дар кор ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар муҳлати пешбинишуда, дар доираи буҷет ва мувофиқ ба стандартҳои муосир ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ баррасӣ шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки неругоҳи барқи обии «Себзор» яке аз лоиҳаҳои асосие ба шумор меравад, ки таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Вазири энергетика ва захираҳои об ширкати «Помир Энерҷӣ» -ро даъват намуд, ки дар якҷоягӣ бо мушовири лоиҳа –ширкати «Фихтнер» ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар доираи муҳлати пешниҳодгардида аз фурсат самаранок истифода бурда, бо назардошти мушкилоти эҳтимолӣ корҳоро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд.

Дар маҷмуъ, зимни мулоқот аз ҷониби вазорат ва намояндагони шарикони рушд масъалаи ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки аҳамияти минтақавӣ дошта, дар содироти неруи барқи изофавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ нақши назаррас мегузорад, махсус таъкид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram