РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар назар аст, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазиранд.

Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари ҳайати Қазоқистон мулоқот анҷом медиҳад.

Дар доираи сафар ҳамчунин иштироки Мурат Нуртлеу дар маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи неруҳои сулҳовари қазоқистонӣ дар Тоҷикистон дар Боғи ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ пешбинӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram