РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Бадахшон иди Сада бошукӯҳ таҷлил шуд

Имрӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини якуми раис вилоят Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, муовини раиси вилоят ва муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ иди Сада бо расму русуми хеш таҷлил гардид. Ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи масҳулоти кишоварзии вилоят дидан намуда, барои меҳнати содиқона ба масъули баҳои баланд доданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад муовини якуми раиси вилоят зимни баромад иштирокдоронро аз номи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилолят бо фарорасии ин иди бузург табрик гуфта ба ҳамагон сиҳатмандӣ, рузгори неку осуда ва дар кору фаъолиятатон пешрафту барор таманно намуд. Таъкид дошт, ки халқи тоҷик таърих ва фарҳанги кӯҳан дошта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, имрӯз, барои эҳёю ғановатманд гардондани онҳо ва густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш, саъю талош менамояд. Сада, аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад ва дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён, бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки баъд аз ба даст омадани Истиқлоли комили миллӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишварамон ҷашнҳои ниёгон ва аҷдодии мо аз сари нав эҳё гардиданд. Иди Сада, дар қатори дигар минтақаҳои кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз чунин ҷашнҳо бо як шукуҳу шаҳомати бепоён таҷлил мегардад.

Пас аз баромади муовини якуми раиси вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаи раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, барои мудирони бахши кишоварзии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа 1 адад мотосикл, дорупошак, либоси махсус, дору зиди ҳашаротҳои зараррасон, қимаккунаки алаф ва мошинкаи консентартии чорво дар доираи барнома тақдим карда шуданд. Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилоят чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram