РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас ҷамъбаст шуд

Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас ба поси хотири Талабхӯҷа Сатторов — композитори машҳури тоҷик оғоз гардид.

Ёдовари мешавем, ки озмуни мазкур дар даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2023 шурӯъ гардида, бар марҳилаҳои мухталиф сурат гирифт ва имрӯз бо иштироки мухлисони зиёд он ҷамъбаст шуд.

Даври аввали ин чорабинии фаромилии фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор гардида буд.

Маъракаи эҷодии пианинонавозон, ки аз рӯи 3 табақаи синнусолӣ, тибқи номинаҳо муқаррар шудааст, байни гурӯҳи аввал, яъне хонандагони аз 8 то 10-сола ва гурӯҳи дуюм синнашон аз 11 то 14-сола гузаронида шуда, дар он 35 нафар иштирок намуданд. Озмуни ҷумҳуриявии пианинонавозони наврас барои гурӯҳи сеюм, яъне аз 15 то 17-сола таърихи 21-уми декабри соли 2023 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ҷараён гирифта буд.

Тавре болотар гуфтем, озмуни мазкур ба поси хотири композитори маъруфи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъат, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Талабхӯҷа Сатторов бахшида шудааст.

Мақсади доир намудани ин озмун пеш аз ҳама мусоидат ба рушди эҷоду иҷрокунандагии мутрибони наврасу ҷавон, мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани раванди қобилияти эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари асил ва асарҳои мондагори мусиқии композиторони ватанию ҷаҳонӣ, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии миллӣ ва маҳорату малакаи касбии наврасон, баланд бардоштани маҳорату малакаи педагогӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти композиторон ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ барои сози фортепиано будааст.

Таҳияи Лутфуллои Азиз

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram