Соли 2023 фарогирии аҳолӣ дар мамлакат бо пахши рақамӣ ва манораҳои телевизионӣ ба 83,4 фоиз расонида шудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло ҷараён дорад, иттилоъ дода шуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Телерадиоком» соли 2023 ҷиҳати амалӣ намудани марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар истгоҳҳои радиотелевизионие, ки тибқи нақша бояд фиристандаҳои рақамӣ насб гарданд, корҳои омодагиву таъмири биноҳои техникӣ ва санҷиши хатти барқ пурра анҷом дода шуданд.
Инчунин барои татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони ҷамъият барои 14 истгоҳи радиотелевизионӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Ғеш ва Дашти Ар-Ари ноҳияи Муъминобод, Овозкўҳи ноҳияи Нуробод, Мотравн ва Даштаки ноҳияи Ванҷ, Саричашма, Даштиҷум, Порвор ва Кафтари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, Шитами ноҳияи Шуғнон ва Баррўшони ноҳияи Рӯшон биноҳои техникӣ барои нигоҳдории фиристандаҳои рақамӣ ва манораҳои телевизионии аз 12 то 18-метра бунёд карда шуд.