27 январи соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим Намояндаи махсус оид ба Осиёи Марказӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон, сафир Икегами Масакиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин ҳамкориҳои муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо доир ба омодагии ҷаласаҳои дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» табодули назар карданд.