5 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» соати 10:00 баргузор мешавад.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ соати 11:00 гузаронида мешавад.