7 феврал таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ Конференсияи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Дар кори он аъзоёни Шӯрои вилоятии Ҳаракат, муовини якум, муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳ, мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, сардорони раёсатҳо ва идораву муассисаҳо, сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, раисони шӯроҳои кӯҳансолони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони васоити ахбори оммаиштирок намуданд.
Нахуст, масъалаҳои баромади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят оид ба “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- дастури асосии фаъолияти минбаъдаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҷамъият ва Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят”, ворид намудани тағйирот дар ҳайати Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои вилоятии Ҳаракат, вазифаҳо ва ҳадафҳои минбаъдаи Шӯро дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, таъсис ва тасдиқи комиссияҳои кории Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ВМКБ ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки танҳо соли 2023, дар маҷмуъ, дар ҳудуди вилоят, 423 иншоот сохта, ба истифода дода шуданд. Барои соҳаи сохтмон, аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, 1 млрд. 253 млн. сомонӣ ҷудо ва харҷ гардид, ки ин дар самти бунёдкорӣ бесобиқа мебошад ва дар ҳошияи ташриф бошад, дар маҷмуъ, 76 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Сипас, муовини раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракат, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ муҳтарам Қаландариён Ҳоким оид ба фаъолияти солонаи Шӯро ахборот доданд.
Инчунин, дар рафти конференсия собиқадорон, занону ҷавонон низ дар бобати Паём ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат баромад намуданд.
Дар охир зумрае аз собиқадорон ва ҷавонони фаъол бо туҳфа ва Ифтихорномаи раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардонида шуданд.