РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Китобхонаи ба номи Анатолий Димарови Киев бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айни гӯшаи махсус таъсис ёфт

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар  Китобхонаи хониши оилавии ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев бо гӯшаи махсус бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айни шинос шуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар доданд.

Зимни шиносоӣ вохӯрии Сафир бо Директори китобхона Светлана Батюк доир гардид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкории гуманитарии Тоҷикистон ва Украина ибрози андеша намуда, ба ҳаёту эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ диққати махсус доданд.

Бояд гуфт, ки дар китобхона бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ гӯшаи махсус таъсис дода шуда, дар он аксари асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидаанд. Нимпайкараи Садриддин Айнӣ ва гилемчаи дастбофте бо акси ӯ гӯшаро зеб медиҳанд.

Таъкид гардид, ки Сафорати Тоҷикистон дар Украина барои таъмини гӯшаи Садриддин Айнӣ бо китобҳо ва маводи иловагии зарурӣ ҳамаҷониба кумак мерасонад ва инчунин ҷамъомадҳои муштараки фарҳангӣ баргузор менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram