РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид

13 феврали соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 таҳти раёсати раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои комиссияи озмун, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуотиВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст, Дилрабо Мансурӣ қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардида, аз ҷониби аҳолӣ дастгирии васеъ пайдо кардааст.

Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳиятҳои он тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баромад карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.

Сипас, Раҳим Саидзода доир ба ҷамъбасти озмун дар соли 2023 ва омодагиҳо ба баргузории он дар соли 2024 ва тартиби баргузории он маърӯза намуда, зикр кард, ки дар даври якуми озмун дар соли 2023 239 ҳазору 657 нафар довталаб, иштирок намуданд, ки нисбат ба соли 2022 110 ҳазору 806 нафар зиёд мебошад. Дар даври чоруми озмун бошад 522 нафар довталаб аз рӯйи 6 номинатсия ширкат варзида 121 нафар ғолиби озмун гардиданд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-480 ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар соли 2024 номинаи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ба 3 гурӯҳ ҷудо карда шуда, тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон барои ҳар як довталаб, махсусан хонандагони синфҳои ибтидоӣ хондан ва аз бар намудани 70% осори назмию насрии 4 номина ба қадри зарурӣ хонда фаро гирифта наметавонанд. Аз ин рӯ, ҷиҳати баробар кардани имтиёзу имкон ва эътирофу гиромидошти ҳуқуқи ҳамаи довталабон барои 4 номина — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адбиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ШОҲҶОИЗА таъсис дода шуд. Ғолибони ҷойҳои якуми номинаҳои эҷоди назм ва эҷоди наср метавонанд интихобан барои дарёфти Шоҳҷоиза дар номинаҳои болозикр иштирок намоянд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили дастрас намудани китобҳои бадеии электронӣ ба иштирокчиён, аз рӯйи принсипи ягона баҳо гузоштан ба иштирокчиён мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Пешниҳод гардид, ки даври якуми озмун моҳи март ва даври дуюм моҳи май баргузор карда шавад.Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври аввали он ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram