Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кӯҳрӯди Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкори саховатпеша бо маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Бунгоҳ аз 3 ҳуҷра иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми таҷҳизоти тиббии муосир ва мизу курсиҳои соҳавӣ дар он муҳайё карда шуд. Дар бунгоҳи мазкур 4 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аснои ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ аз таваҷҷуҳи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, ба истифода додани иншооти мазкурро самараи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар ба соҳа арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шумораи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба маротиб меафзояд, ки ин гувоҳи зиндагии шоиста доштани мардуми ноҳия ва деҳоти дурдасти он мебошад.
Инчунин, саҳми соҳибкори муваффақ ва саховатманд Меҳроҷ Умедов дар ободонии роҳ, дар таъмири муассисаи таълимӣ, таъмини китобҳои дарсӣ барои хонандагони мактаб хеле назаррас мебошад.