РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Тоҷикфилм» рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор мешавад

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба таваҷҷуҳи алоқамандони синамо, муассисаҳои эҷодӣ, филмноманависон, коргардонҳо ва эҷодкорону филмофарон мерасонад, ки ба хотири таҳияи филмҳои гуногунжанр, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонони эҷодкор ба соҳаи синамо 28-уми феврали соли 2024 дар толори мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоиро баргузор менамояд.

Лоиҳаҳои синамоӣ барои филми ҳунарии пурра, филми кутоҳи бадеӣ, филми мустанад ва филми тасвирӣ ба таври айёнӣ (слайд-шоу) рӯнамоӣ ва муаррифӣ мегарданд.

Дар раванди баргузории Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ продюссерон, намояндагони ширкатҳои филмбардорӣ ва шабакаҳои телевизион, ки хоҳиши филмофарӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Лоиҳаҳои синамоӣ то 25-уми феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кӯчаи Беҳзод, 25, шуъбаи умумӣ, ошёнаи дуюм қабул карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram