РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Як гурӯҳ модарон ба дидорбинии сарбозон рафтанд

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –имрӯз таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева модарону бонувон бахшида ба таҷлили рӯзи Артиши миллӣ ба қисми ҳарбии 35 04 Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ташриф оварда бо шароити зисту зиндагии сарбозон шинос гардиданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева афсарон ва сарбозонро ба муносибати 31 –умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи тамоми модарони ВМКБ табрик намуда, зикр кард, ки маҳз муҳаббати модар ба фарзанд аст, ки имрӯз модарони зиёд барои табрикоти Шумо сарбозон ва афсарони шуҷои Ватан омаданд. Боиси ифтихор ва сарфарозии модари тоҷик аст, ки фарзандони ватандусту ватанпарвар баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ сарбаландона адои хизмат намуда, дар таъмини сулҳу субот ва осудагии мардум саҳми худро гузошта истодаанд. Дастгирии Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат аст, ки сол аз сол барои сарбозон дар қисмҳои ҳарби шароитҳои зиёде фароҳам гардида истодаанд. Сарбозон аз ин иқдоми неки модарони Бадахшон сипосгузорӣ намдуда баҳри омодагии барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram