РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ҳамкориро бо музофоти федеролии Бранденбурги Олмон тақвият медиҳад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Бранденбург сафар намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи сафар Сафири Тоҷикистон бо муовини Сарвазир, вазири иҷтимоӣ, тандурустӣ, ҳамгироӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Бранденбург Урсула Нонненмахер мулоқот намуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мухталиф баён намуданд.

Инчунин Имомуддин Сатторов бо мудири иҷроияи Агентии рушди иқтисоди Бранденбург (WFBB) Себастиан Сауле вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, саноат, манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ ва танзими чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram