Рӯзи 15-уми март соати 10:00 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор мегардад. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.
Дар намоиш ашёи нави моҳияти таърихию фарҳангидошта, ки дар давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 бо роҳҳои гуногун (экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа) ҷамъоварӣ гардидаанд, пешкаши ҳамагон мегардад. Ҳамзамон, дар доираи намоиши мазкур рӯнамоии китобҳои тозанашри муассиса муаррифӣ мегарданд.