11 марти соли 2024 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар Форуми дуюми минтақавӣ оид ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Паймони ҷаҳонии муҳоҷирати бехатар, мунтазам ва қонунӣ барои кишварҳои аъзои Комиссияи иқтисодии СММ, ки дар шаҳри Женева баргузор гардид, иштирок намуд.
Яке аз масъалаҳои баррасишавандаи Форум ин татбиқи Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам, ки соли 2018 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим дар самти танзими раванди муҳоҷират қабул гардидааст, ба ҳисоб рафта, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии раванди муҳоҷират ҳисоботдиҳандаи ихтиёрӣ таъин шудааст.
Созишномаи глобалӣ аз 23 ҳадаф иборат буда, ҳисоботҳои навбатии ихтиёрии миллӣ оид ба ҳадафҳои афзалиятдошта ба Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ирсол карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои Созишномаи глобалӣ 30 июни соли 2023 Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 қабул гардид, ки ҳуҷҷати асосӣ барои татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Иштирок дар чорабинии мазкур барои таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ ва дигар институтҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, инчунин мустаҳкамсозӣ ва мукаммалсозии пояи моддиву техникӣ ва баланд бардоштани иқтидори мақомоти давлатӣ дар идоракунии муҳоҷират имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, барои баррасӣ ва муҳокимаи тамоми ҷанбаҳои муҳоҷирати байналмилалӣ мусоидат менамояд.