Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, соли 2025 – Соли ҳифзи пиряхҳо ва 21 март- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» ҳамоиши илмӣ — назариявӣ доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир гардида, зимни он таъкид шуд, ки дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ бо қабули қатъномаи нав, ки дар маҷлиси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид, бо хатҳои заррин навишта шудааст. Ин саҳифаи нави давлатдории таърихӣ бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Гуфта шуд, ки сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона шудааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумита ба коршиносон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.