РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ мулоқот кард

11 апрели соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ — Жавлон Абдужалолович Ваҳобов баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот, инчунин аз ҷониби узбекистонӣ Валиев Санжар – директори Маркази иттилоотӣ-таҳлилии равобити байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Холмуҳаммадов Муҳсинҷон Муродуллоевич – муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислохоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Халдаров Замон – ҷонишини директори Институти омӯзиши макроиқтисодӣ ва минтақавии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Акрам Умаров – муовини директори Институти тадқиқоти байналмилалии Донишгоҳи ҷаҳонии иқтисод ва дипломатия, Фатхуллаев Аброр – сардори Раёсати Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Назиров Азизхон – сармутахассиси шуъбаи тадқиқоти иқтисодии Институти байналхалкии Осиёи Марказӣ, Нурмуҳаммад Бахтиёров – ходими пешбари илмии Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ низ ширкат намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар оғози мулоқот ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду кишвар мебошад. Усмонзода Хайриддин нақши роҳбарони олии ду кишвари дӯстро дар пешбурд ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуд.

Хусусан, инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди сабз, фарҳангӣ ва сайёҳӣ барои ҳар ду кишвари ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ карда шуда, зикр гардид, ки мавриди истифода қарор додани зарфият ва имкониятҳои воқеӣ ва истифоданашудаи ҳар ду давлат ба суди ҳар ду ҷониб мебошад.

Дар мавриди худ, директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ — Жавлон Абдужалолович Ваҳобов аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба сатҳи равобити мавҷудаи илмӣ-таҳлилӣ миёни ҳар ду муассиса баҳои мусбат дод ва изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо баҳри тақвияти ҳамкориҳои коршиносӣ талоши бештар хоҳанд намуд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Усмонзода Хайридин ва Жавлон Ваҳобов “Нақшаи амали Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ барои соли 2024” ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷати мазкур сафарҳои муштараки мутақобилаи коршиносӣ ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, иштироки муҳаққиқони ҳар ду ҷониб дар конфронсҳои аз тарафи институтҳои мазкур ташкилшаванда, нашри мақолаҳои муштарак, гузаронидани машваратҳои дуҷониба ҷиҳати омодагӣ ба конфронси байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз имзои санади болозикр, мақсади сафари ҳайати ҷониби узбекистонӣ аз иштирок дар конфронси байналмилӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ” иборат мебошад, ки ташкилкунандагони он Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ мебошанд. Конфронси мазкур 12 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҷонибҳо баргузории конфронси мазкурро давоми мантиқии сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду кишвари дӯст арзёбӣ намуда, минбаъд низ идома додани чунин анъанаи неки ҳамкориро ба суди ҳар ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram