Дар доираи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 22 апрел дар шаҳри Минск бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Филармонияи давлатии Беларус барномаи консертии ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ҳамчун рамзи симои маънавии мардум, муттаҳидкунандаи неруи илмию зеҳнӣ, таҷассуми таърихи муосиру бостонӣ, урфу одат, хулқу одоби баланд ва дигар ёдгориҳои миллӣ дар ҷомеа мавқеи сазоворро ишғол намуд.
Барои таҳкими ин арзишҳо бо шарофати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, соҳаи фарҳанг ба комёбиҳои бесобиқа ноил гардид.
Бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки яке аз дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳоло мамлакати моро пайваста дар хориҷа намояндагӣ мекунад.
Ба оркестри симфонӣ навозандагони касбӣ дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.
Оркестри симфонӣ бори аввал бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерт намоиш дода буд.Дар баробари иштирок ва ҳунарнамоӣ дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ барномаҳои консертии оркестр дар кишварҳои хориҷӣ низ ташкил ва гузаронида шуданд.Ташкил ва гузаронидани барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус маротибаи аввал буда, дар доираи сиёсати дӯстона ва фарҳангпарваронаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко анҷом дода мешавад.