РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар водии Рашт бо раисони  ноҳияҳои Рашт ва Лахш мулоқот ва самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.

Дар ҷараёни сафар Сафир бо намояндаи минтақавии Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон мулоқот намуд, то доир ба навъҳои офатҳои табиӣ дар ин водӣ ва ҳамкории Кумита бо ҷамоатҳо маълумот пайдо кунад. Сафир Микаллер зимни ҳар мулоқот оид ба масъалаи беҳбуд бахшидани иқтисоди Тоҷикистон, идора кардани манбаъҳои табиӣ, сайёҳӣ ва омодагиҳо дар ҳолатҳои фавқулода ибрози назар намуд.

Сафир инчунин бо донишҷӯёне, ки тавассути барномаи Сафорат «English Access Microscholarship Program» дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш забони англисӣ меомӯзанд, мулоқот карда, бо Маркази амрикоӣ дар Ғарм, ки ба ҷавонони минтақа барномаҳои ройгони таълимии синфӣ ва маҷозӣ пешкаш мекунад, шинос шуд.

Сафир Микаллер бо кори кишоварзон таҳти ҳимояти USAID ва Бунёди Оғохон, ки барои дастрасӣ ба бозорҳои боарзиш дар сардхонаҳо сармоягузорӣ мекунанд, шинос шуд. Ин шабакаи кишоварзон барои таблиғи себ ва нокҳои маъруфи водии Рашт талош мекунад. Сафир Микаллер дар сафар ба Рашт дар деҳаи Ҷарф бо боғбони шинохта Мирзошоҳ Акобиров вохӯрда, бо боғи этноботаникӣ ва осорхонаи хусусии ӯ шинос шуд.

Сафир Микаллер ба водии Камароб рафта, аз манзараи зебои кӯҳҳо ҳаловат бурд.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи USAID ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва Хадамоти хоҷагии ҷангали Амрико сафир бо намояндагони ин хадамот дар Камароб дарахт шинонд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram