РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад

7 май Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа маҳсуб мешавад, зеро соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Имрӯз радио яке аз  расонаҳои иттилоотии фаъоли ҷомеа  ба ҳисоб рафта, дар баробари дигар  воситаҳои ахбори омма дар таҳкими фазои иттилоотии мамлакат нақши назаррас дорад.

Бояд гуфт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттиоотӣ хабари дақиқ ва саривақтӣ  дар муайян намудани равандҳои ҷомеаи муосир  нақши муассир дорад. Инсоният имрӯз ба иттилоот ниёзи бештар дорад, зеро ӯ мехоҳад аз тамоми рӯйдодҳои ҷомеа огоҳ бошад.  Пас нақши радио ҳамчун расонаи ҳамагонӣ дар қарни фанновариҳои нави иттилоотӣ бояд чӣ гуна бошад, то ҳамқадами замон гардад?

Ба гуфти директори Радиои Тоҷикистон  Обидҷон Сайидзода, «радио  воситаи фарогири  расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти ҷаҳони имрӯз, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад».

Мавсуф таъкид намуд, ки радио дар таҳкими  фазои иттилоотии Тоҷикистон нақши назаррас дошта, ҳадафи аслӣ ва муҳтавои барномаҳои он иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад.

«Таҳавуллоти ҷаҳони муосир ва рушди босуръати илму технология, торафт ба фазои иттилоотӣ  таъсир мегузоранд.  Бо  назардошти он ки  сомонаҳои зиёди иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро  ба худ ҷалб намудаанд, кормандони  радио мутобиқ ба  талаботи замони муосир фаъолият намуда, аз имконияти фаровони технологияи муосир, ки кори радиоро бамаротиб осон менамояд самаранок истифода менамоянд»,-гуфт номбурда.

Тавре директори Радиои «FM Ховар» Саидҷаъфар Ашурзода иброз дошт, дар ҳама давру замон ҷомеаи  огоҳ аз ҳаводиси  муҳим ва иттилои зарурӣ ҷомеаи пешрафта ҳисобида мешуд ва имрӯз ҳам ин раванд бо шаклҳои гуногун идома дорад. Хусусан дар шароити кунунӣ, ки илму технология бо суръати баланд пеш меравад ва хурдтарин иттилоъ дар сонияҳои башумор аз як гӯша ба гӯшаи дигар паҳн карда мешавад. Аммо бархурд ва қабули  иттилои паҳнгардида масъалаи муҳиме аст, ки аз сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии он ҷомеа сарчашма мегирад.

«Дар  замони муосир радио воситае аст, ки ҳамчун рукни муҳими маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси рӯйдоду воқеаҳо, таҳкими фазои иттилоотӣ,  рушди давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳуввияти  миллӣ,  тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва ваҳдати миллӣ нақши муассир мегузорад ва  ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Саидҷаъфар Ашурзода иброз дошт, ки ҳама рӯз инсоният шоҳиди навовариҳои фаннию технологӣ мегардад, ки дар ин байн   радио ва кори радиошунавонӣ истисно нест. Радио чун  дигар шохаҳои ВАО ҳамқадам бо замон фаъолият менамояд. Яъне, бо назардошти талаботи  имрӯзи ҷомеа фаъолияти радио боз ҳам ваесеътар шуд ва шакли интернетжурналистика рӯйи кор омад.  Имрӯз акнун шунавандаи радио дигар  барномаҳои радиоро на танҳо тавассути мавҷ, балки тариқи интернет низ метавонад дар дилхоҳ гӯшаи ҷаҳон бишнавад ва иттилои зарурӣ бигирад.

Сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» Фирӯз Каримзода зимни  суҳбат иброз намуд, ки инсоният имрӯз ба иттилоот ниёзи бештар дорад, зеро ӯ мехоҳад аз тамоми рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошад. Дар ин миён саҳми барномаҳои радио хеле назаррас аст, чун дастрасии радио назар ба матбуот, телевизион ва интернет бештар аст ва имкони фарогирии аудиторияи бузургро дорад. Ҳамин аст, ки то ҳол мақомашро дар фазои иттилоотӣ гум накардааст. Умуман, барномаҳои радиоӣ аз се унсури таъсирбахш – матн, нутқ ва мусиқӣ иборат мебошанд, ки тарзи корбурди хоси худро доранд ва аз дигар воситаҳои ахбори омма фарқ мекунанд.

Мавсуф иброз дошт, ки радио барои боз ҳам фарох намудани фаъолият бояд аз сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода барад. Дар ин баробар  радио бояд манбаъ ё сарчашмаи хабар бошад.  Дар нашрҳои иттилоотӣ гузоришҳои таҳлилӣ-танқидӣ бояд бештар омода шаванд, чунки маҳз ҳамин гуна гузоришҳо боварӣ ва эътиқоди шунавандаро бештар мегардонанд. Инчунин тарзи пешниҳоди нашрҳои иттилоотӣ бояд муосир  карда шавад, яъне аз тарзи пешниҳоди қолабие, ки  солҳои дароз инҷониб идома дорад, бояд даст кашид, то боиси ҷалби таваҷҷуҳи шунаванда гардад. Як бахши муҳими радио пахши барномаҳои мустақим мебошад, аз ин рӯ шабакаҳои радиои моро мебояд имрӯз ба ин масъала аҳаммият диҳанд. Зеро барномаҳои мустақим иртиботи шунавандаро бо радио мустаҳкам карда, доираи фарогирии барномаҳои радиоиро васеъ мегардонанд.

Бояд гуфт, ки радио мактаби бузург аст. Аз ин манбаи бузург хуб истифода бурдан ҳам ба нафъи шунаванда ва ҳам ба фоидаи давлат аст.

АМИТ «Ховар»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram