РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон — «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ҷамъбаст гардид

11 май дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

Дар фестивал аз гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони чирадасти тоҷик навъҳои гуногуни ҳунари миллӣ, аз қабили оҳангарӣ, рехтагарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кордсозӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, шонасозӣ, кулолгарӣ, танӯрсозӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, қаннодӣ ва монанди инҳоро бо пешниҳоди беҳтарин маҳсулоти ҳунармандӣ манзури ҳайати ҳакамон, сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Дар фестивал муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушд меёбад.

Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҳунармандони мамлакат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» қабул гардид, ки тибқи он, давоми солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 500 000 сомонӣ таъсис ёфта, барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.

Фестивал дар се давр доир шуда, ҳунармандон аз рӯйи 9 номинатсия, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди чарм, коркарди чӯб, маҳсулоти ғайриметаллӣ, заргарӣ, созҳои мусиқӣ, санъати нафиса ва ҳунарҳои кишоварзӣ маҳсулоти офаридаи худро пешниҳод намуданд.

Ба даври ниҳоӣ зиёда аз 100 ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифтанд, ки дар чорабинии имрӯза ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуданд. Аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ, “Дипломҳо”-и дараҷаи 1, 2 ва 3 сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи маълумоти расмии омории соли 2023, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8041 ҳунарманд фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли 2022 1814 нафар зиёд мебошанд.

Ҳунармандон аз рӯйи 12 касби соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва аз рӯйи 167 касбу ҳунар ба косибию хунармандӣ машғул буда, аз ин шумора 3216 нафари онҳо хамчун косиб ба ҳунари истеҳсоли дастӣ дар хона машғул мебошанд. Теъдоди ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, аз ҷумла дар Вилояи Мухтори Куҳистони Бадахшон 556 нафар, вилояти Хатлон 3330 нафар, вилояти Суғд 2647 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 1339 нафар ва шаҳри Душанбе 115 нафарро фарогир мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҳунармандон дар соли 2023 ба 79,6 миллион сомонӣ ва дар семоҳаи якуми соли 2024 ба 19,7 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Дар ин давра дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуд.

Фестивал ба муносибати қабул гардидани ҳунарҳои кирмакпарварӣ, абрешимбофӣ ва санъати кашидадӯзӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг — ЮНЕСКО ва эҳёи дигар навъи санъату ҳунарҳои қадимии миллӣ доир мешавад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандони ватанӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки фестивал бо мақсади иҷрои банди 10-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 доир ба «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва иҷрои банди 7-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024» баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram