РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бо ҷавонони фаъол ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш мулоқот доир шуд

10 май мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллӣ, шунавандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат», аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо, донишҷӯён, волонтёрон ва ҷавонону касбу кори гуногун баргузор гардид. Дар ин хусус аз маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти фаъолияти сохторҳои идеологӣ, дарки мафҳумҳои давлату миллат, ҳокимият, идеология, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандустии чавонон, зуҳур ёфтани хатарҳои гуногун ва роҳҳои пешгирии онҳо ва дигар самтҳо сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки масъулини соҳаи кор бо ҷавонон барои таҳкими амният, ҳифзи оромиву субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, боло бурдани зиракии сиёсии онҳо, пешгирии насли ҷавон аз омилҳои номатлуб, аз ҷумла пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои хатарзо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram