14 майи соли 2024 дар шаҳри Остона 16-умин нишасти масъулони аршади Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ +Япония баргузор гардид. Дар нишасти мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷонон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Сафорати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.
Перомуни нишаст пешнависи барнома ва рӯзномаи Ҷаласаи кишварҳои узви Муколама баррасӣ шуда, оид ба масоили рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.