РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона баррасӣ шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Сардори шуъбаи кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона Абдулҳақ Амирӣ мулоқот намуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаро таҳти баррасӣ қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram