РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунармандони Тоҷикистон дар Фестивали баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд

Ҳунармандони Тоҷикистон дар Фестивали баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

18-19 май бо дастгирии Бунёди Корея ва Котиботи Форуми ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея Фестивали баҳори Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сеул баргузор шуд.

Дар фестивал гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Манучеҳр Раҳмонов, Фарангис Қосимова ва Муҳаммад Азимзода ҳунарнамоӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram