6 июн дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ бахшида ба Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо дафтари ҳамоҳангсози муқими Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Арабистони Саудӣ доир карда шуд.
Дар брифинг сафирон ва кормандони корпуси дипломатии муқими Риёз ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни суханронӣ доир ба «Раванди оби Душанбе», корҳои тадорукотӣ ба Конфронсии оби Душанбе ва ҳадафҳои он тавассути рӯнамо маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Бо таъкид ба нақши калидии Тоҷикистон дар пешбурди масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, дар бораи аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба обу иқлим изҳори андеша карда шуд.
Инчунин дар брифинг ҳамоҳангсози муқими Созмони Милали Муттаҳид Муҳаммад Аз-Зарқонӣ ва муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Арабистони Саудӣ Маргарет Виллиамс дар бораи аҳаммияти Конфронси оби Душанбе ва нақши муассири Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои марбут ба об дар доираи татбиқи ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор (2030) суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни брифинг муҳокимаи озод дар бораи ҳадафҳо ва аҳаммияти Конфронси оби Душанбе анҷом дода шуд.