РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Барои саёҳати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд 7 хатсайр ташкил карда шудааст

Барои саёҳати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 7 хатсайр  ташкил  карда шудааст, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии ин конфронси бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат барои меҳмонони конфронс 7 хатсайри беҳтарин омода намудааст.

Дар доираи ин чорабинӣ меҳмонон метавонанд бо якчанд мавзеи зебою хотирмони мамлакат аз рӯи хатсайрҳои:

  1. Саёҳат дар шаҳри Душанбе
  2. Сафар ва тамошои Қалъаи Ҳисор
  3. Саёҳат ба шаҳри Норак (шиносоӣ бо сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак»)
  4. Саёҳат ба шаҳри Роғун (шиносоӣ бо Неругоҳи барқии обии «Роғун»)
  5. Саёҳат ба дараи зебоманзараи Ромит
  6. Сайру гашт дар дараи Варзоб ва қад-қади болооби дарёи Сиёма
  7. Саёҳат ба Маҷмааи лижаронии Сафеддара шинос шаванд.

Дар ин сафарҳо меҳмононро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон ҳамроҳӣ менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram